Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп: Қарори додгустар Амрикоро ба хатар мувоҷеҳ мекунад


Президенти Амрико Доналд Трамп.

Президенти Амрико Доналд Трамп қарори додгустареро, ки аз татбиқи фармони манъи воридшавии шаҳрвандони 7 кишвари умдатан мусулмонӣ ба ИМА сарпечӣ кард, барои Амрико хатарнок номид. "Боварам намеояд, ки додгустар кишвари моро ба чунин хатар рӯ ба рӯ мекунад. Агар ҳодисае рух дод, масъулияти он бар дӯши додгустар ва сохтори додгоҳӣ хоҳад буд. Одамон мисли мавҷи дарё фурӯ мерезанд, Ин бад аст!", навиштааст Трамп дар Твиттер.

Рӯзи 5 феврал Додгоҳи таҷдиди назари Амрико шикояти Вазорати адлия, аз рӯи қарори додгустари федеролии Сиэтл, дар бораи манъи фармони президентро, рад кард. Додгустар гуфт, ки фармони муҳоҷират мухолифи Қонуни асосии ИМА аст. Трамп фармони ҷилавгирӣ аз вуруди шаҳрвандони кишварҳои алоҳида ба хоки Амрикоро рӯзи 27 январ имзо кард. Ҳамин фармон қабули паноҳандагони Сурияро то 120 рӯз манъ мекард.

Он вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Ливия, Сомалӣ, Судон ва Яман тайи 90 рӯз ва қабули паноҳҷӯёнро 120 рӯз ва фирориёни Сурияро барои мӯҳлати номаълум манъ мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG