Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми амниятии Покистон гуфт, тарма дар шимоли кишвар чандин хонаро зери барф карда ва 13 нафарро куштааст. Низомуддин Шоҳ, афсари пулиси шаҳри Читрал рӯзи 4-уми феврал гуфт, 12 нафари дигарро аз зери тарма берун кашидаанд ва мехоҳанд ба шифохона бубаранд, аммо барф бисёре аз роҳҳо дар ин минтақаро бастааст.

Мақомот мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад, зеро маълум нест, чанд нафар зери тарма мондаанд. Мақомоти Покистон барои амалиёти наҷот сарбозонро низ сафарбар кардааст. Дар Покистон, чун дар Тоҷикистон рӯзҳои ахир барфи зиёде боридааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG