Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Руминия қарори ҷанҷолиро пас мегирад


Тазоҳурот дар Бухарест тақрибан як ҳафта аст, ки идома дорад.

Зери фишори азими тазоҳурогарон дар Руминия, нахуствазир Сорин Гриндену эълон кард, ки қарор дар бораи сабуктар кардани ҷазо барои ришвахориро пас мегирад. Сорин Гриндеу, рӯзи 4-уми феврал гуфт, ки ҳукумат рӯзи 5-уми феврал бо баргузории ҷаласае қарори мазкурро беэътибор хоҳад кард.

“Ман намехоҳам дар Руминия ҷудоӣ андозам” гуфт, нахуствазир ва афзуд, ки кишварашро набояд ба ду ҷабҳа тақсим кунанд. Баъди 5 рӯзи тазоҳуроти пайвастаи садҳо ҳазор нафар дар Руминия, бахусус дар пойтахти он шаҳри Бухарест, ҳукумат маҷбур шуд, қарор дар бораи сабуктар кардани ҷазо барои ришвахориро пас бигирад.

Пулис гуфт, рӯзи 4-уми феврал 330 ҳазор нафар дар тазоҳурот ширкат карданд, ки баъди тазоҳуроти соли 1989 дар замони суқути Николай Чаушеску, диктатори коммунист бузургтарин тазоҳурот дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳангоми нашри мустақими суханронии Сорин Гринден дар телевизион баъзе аз тазоҳургарон аз миёни издиҳоми 170 ҳазор нафарӣ “истеъфо, истеъфо” шиор медоданд.

Ҳукумат рӯзи 31-уми январ қароре қабул кард, ки бар асоси он, агар ришваи ситондаи мақоме аз 44 ҳазору 500 доллар зиёд бошад, ба зиндон андохта мешавад. Дар сурати камтар будани ҳаҷми ришва, гунаҳкорро ҷарима мекунанд. Ҳукумат гуфтааст, ки қарори мазкур барои камтар кардани шумораи зиндониён дар маҳбасҳои пури кишвар зарур буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG