Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи Трамп ва Порошенко дар бораи Украина


Марзи ноороми Украина дар вилояти Донетск, ки дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия аст.
Марзи ноороми Украина дар вилояти Донетск, ки дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия аст.

Кохи Сафед мегӯяд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Петро Порошенко, ҳамтои украиниаш гуфтааст, ки Амрико саъй мекунад, то амният дар марзҳои ноороми Украина бо Русия барқарор шавад.

Доналд Трамп, рӯзи 4-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “Мо ҳамроҳ бо Украина, Русия ва тамоми ҷонибҳои дахил кор хоҳем кард, то ба онҳо барои барқарории субот дар марз кӯмак расонем.” Дар баёния омадааст, ки ду тараф дар бораи мулоқот дар ояндаи наздик ҳам гуфтӯгу кардаанд.

Ду тараф ҳамчунин мувофиқат кардаанд, ки ҳамкориашон барои маҳви созмони ба ном Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон идома ёбад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Украина гуфт, раҳбарони ду кишвар ба зарурати “барқарории созиши комили оташбас” дар минтақа таъкид кардаанд.

Петро Порошенко, ба Доналд Трамп барои “ҳимояти қавиаш аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина” изҳори сипос кардааст. Пеш аз ин гуфтӯгуи телефонии раҳбарони Амрикову Украина, дар як ҳафтаи гузашта муноқиша дар шарқи Украина авҷ гирифт ва дар натиҷаи даргириҳо миёни сарбозони давлат ва ҷудоиталабони тарафдори Русия 35 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG