Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Бритониё ба тарки Иттиҳоди Аврупо иҷозат дод


Эътирозгари печида бо парчами Иттиҳоди Аврупо, роҳии ҷамъомади зидди-Брекзит аст.
Эътирозгари печида бо парчами Иттиҳоди Аврупо, роҳии ҷамъомади зидди-Брекзит аст.

Порлумони Бритониё ба сарвазир Тереза Мэй расман иҷозат дод, ки раванди берун шудани кишварашро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) оғоз кунад.

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё қарори порлумони кишварашро "таърихӣ" хонда гуфт, "мо ИА-ро тарк мекунем, вале Аврупоро не. Ҳамеша дар рушди ин минтақа саҳми мусбат доштем ва минбаъд низ хоҳем дошт".

Берун рафтани Бритониёро аз ИА 498 вакил дар порлумон ҷонибдорӣ карда, танҳо 114 нафар зид баромадаанд. Қаблан Додгоҳи олии Бритониё аз ҳукумат хоста буд, ки барои тарки ИА иҷозати порлумонро ба даст орад.

Сарвазир Мэй рӯзҳои наздик барои иҷрои моддаи 50 созишномаи ИА, ки марбут ба тарки иттиҳод аст, ба Брюссел муроҷиат хоҳад кард. Коршиносон қаблан раванди ихроҷро ду сол пешбинӣ карда буданд. Вале дар амал он чи қадар давом мекунад, маълум нест. Зеро дар таърихи ИА бори нахуст аст, ки як узваш онро тарк мекунад.

Бритониё моҳи июни соли 2016 барои ҷудо шудан аз ИА раъйпурсӣ баргузор кард. 17,41 миллион ё 52%-и сокинони ин кишвар тарки ИА-ро ҷонибдорӣ карда, 16,14 миллион нафар ё 48%-и раъйдиҳандагон гуфтанд, ки узвияти иттиҳод бояд ҳифз шавад.

XS
SM
MD
LG