Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палатаи ҳисоб: "57 млн сомонӣ нодуруст истифода шудааст"


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи санҷиши истифодаи маблағҳои будҷа дар соли гузашта, чаҳор мақоми ҳокимияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шудаанд. Маҳмадалӣ Самиев, сараудитори Палатаи ҳисоб рӯзи ҷумъаи 3 феврал ба хабарнигорон гуфт, ин санҷишҳо ошкор кардааст, ки дар маҷмӯъ 57 миллион сомонии будҷаи кишвар ғайримақсаднок истифода шудааст. Вай хабар дод, ки бо пешниҳоди Палатаи ҳисоб чаҳор мақоми ноҳияҳои Рӯшон, Конибодом, Бохтар ва шаҳри Қӯрғонтеппа аз симматҳои худ сабукдӯш шудаанд.

Фаррух Ҳамрализода, раҳбари Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишастии хабарӣ рӯзи 3 феврал гуфт, ки дар соли гузашта ин ниҳод дар маҷмӯъ 530 санҷиши аудиторӣ дар сохторҳои давлатӣ анҷом дода, ба маблағи ҳудуди 224 миллион сомонӣ зарари молиро муайян кардааст. Ба гуфтаи вай, санҷишҳои аудиторӣ ҳамчунин талафи беш аз 63 миллион сомонӣ маблағҳои будҷаиро ошкор кардааст. Аз ин маблағ беш аз 51 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳамрализода, дар соли гузашта фаъолияти 21 идораи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва зерсохторҳои он анҷом дода шуда, ҳудуди 33 миллиони маблағҳои зарари ошкоршуда барқарор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG