Пайвандҳои дастрасӣ

Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 1,5% боло рафт


Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 1,5 дарсад боло рафт ва ба 12,5 дарсад расид. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин тасмим бо дарназардошти таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, рӯи даст гирифта шудааст. Ин қарор дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати пулӣ ва қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 31 баргузор шуд, қабул шудааст.

Кумитаи сиёсати пулӣ ва қарзии Бонки миллӣ инчунин доир ба ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил – қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи меъёри бозтавил ҷамъ +4,0 банди фоизӣ, қарор қабул кардааст. Бонки миллӣ ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин механизми қарзиро тавсеаи бозори пулӣ, пуштибонӣ аз муассисаҳои қарзӣ ва ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти муассир ва мунтазами низоми пардохтҳо, мегӯяд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG