Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминиҳо ба муқобили коҳиши мубориза бо фасод эътироз карданд


Руминия. Тазоҳурот дар Бухарест.
Руминия. Тазоҳурот дар Бухарест.

Ҳудуди 250 ҳазор нафар рӯзи чоршанбе ба муқобили қарори ҳукумати Руминия дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани мақомдорони фасодкор, дар ҳолатҳои камтар аз 44 ҳазор евро, эътироз карданд. Мақомот, инчунин, мехоҳанд мансабдронеро афв кунанд, ки камтар аз 5 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.

Ба гуфтаи Би-би-сӣ, теъдоди иштирокдорони эътироз дар назди бинои ҳукумат дар Бухарест то 150 ҳазор нафар мерасид. Наздик ба 100-150 ҳазор нафар дар шаҳрҳои дигари Руминия ҷамъ омаданд. Эътирозгарон лағви қарор ва истеъфои ҳукуматро талаб карданд.

Дар Бухарест пулис бар зидди садҳо "фанат"-и футбол, ки ба сӯи пулис санг партофтанд, аз гази ашковар истифода кард. Ба гуфтаи мақомот дар ин ҳодиса дастикам чор нафар осеб дид. "Мавҷи феълии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Руминия, аз замони суқути мақомоти коммунистӣ дар ин кишвар бузургтарин аст", - гуфтааст Bloomberg.

XS
SM
MD
LG