Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА мақоми намояндагиҳои худро дар Тошканд ва Бишкек барқарор кард


Украина.Нозиронаи САҲА дар деҳкадаи Зайтсевои минтақаи Донетск. 23 майи соли 2016.
Украина.Нозиронаи САҲА дар деҳкадаи Зайтсевои минтақаи Донетск. 23 майи соли 2016.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои худро дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон барқарор кард. Ҳамчунин мандати нозирони САҲА дар марзи Русия ва Украина дар гузаргоҳҳои «Донетск» ва «Гуково» тамдид шуд.

Тасмимҳои ахир рӯзи 27 январ дар Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гирифта шуд.

Дар Тошканд дафтари ҳамоҳангсози барномаҳои САҲА дар Ӯзбекистон ва дар Бишкек Маркази САҲА амал мекунанд. Моҳи сентябри соли 2016 Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба САҲА хабар дод, ки аз 1 январи соли 2017 мақоми марказро поин оварда, онро ба Дафтари барномавии САҲА дар Бишкек табдил медиҳад. Ин қарор баъд аз он расонаӣ шуд, ки мақомоти қирғиз аз суханронии яке аз сарварони пешини ҷомеаи ӯзбекҳои Қирғизистон Қодирҷон Ботуров изҳори нороҳатӣ карданд.

Дар ин байн вазири корҳои хориҷии Австрия, ки раиси феълии САҲА аст, таъкид кард, ки барои созмон тамдиди кори дафтарҳои САҲА дар Тоҷикистон ва Арманистон низ муҳим хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG