Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекс Тиллерсон котиби давлатии ИМА шуд


Рекс Тиллерсон.
Рекс Тиллерсон.

Сенати ИМА номзадии Рекс Тиллерсонро дар маснади котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико тасдиқ кард. 56 сенатор ба ҷонибдорӣ ва 43 узви сенат зидди номзадии ӯ раъй доданд. Тиллерсон 69-умин вазири умури хориҷии Амрико шуд. То ин дам ӯ раиси ширкати нафту гази Exxon Mobil буд. Чанд даҳсолаи ахир Тиллерсон талош мекард, манъи содироти нафт аз Иёлоти Муттаҳида бекор ва фурӯши гази моеъ ба хориҷи ИМА ҷорӣ шавад.

13 декабри соли 2016 Тиллерсон аз тарафи Доналд Трамп ба мақоми раҳбари дипломатияи Амрико пешниҳод шуд. То ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия ширкати ӯ -- Exxon Mobil дар чанд тарҳ бо ширкати русии "Роснефт" ҳамкорӣ мекард. Таҳримҳо ба ширкати ӯ зарари бузурги молӣ расонд.

Номзадии Тиллерсон бо назардошти бархӯрди манфиатҳо тафсирҳои гуногуни коршиносонро ба миён оварда буд. Ширкати Exxon Mobil борҳо барои талошҳояш ба коҳиши таҳримҳои зидди Русия мавриди танқид қарор гирифтааст. Аммо ҳангоми баррасии номзадияш дар Сенат Тиллерсон аз чораҳои маҳдудкунандаи Русия ва ҳам тарҳи мавсум ба "Қонуни Магнитский" пуштибонӣ намуд.

XS
SM
MD
LG