Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи Гурӯҳи тамоси Донбасс дар Минск баргузор мешавад


Украина. Авдеевка баьди як рӯзи даргириҳо. 31 январи соли 2017.

Ҷаласаи сетарафаи Гурӯҳи тамос барои ҳалли низоъ дар шарқи Украина, қарор аст, 1 феврал дар Минск баргузор шавад. Дар ин бора Даря Олифер, сухангӯи президенти пешини Украина Леонид Кучма, ки аз ин кишвар намояндагӣ мекунад, хабар дод.

Олифер дақиқ кард, ки ҷаласаи Гурӯҳ ба воситаи тамоси видеоӣ ба иллати ширкат накардани намояндагони Русия ва ҷудоихоҳон баргузор нашуд. Пештар хабар мерасид, ки тарафи Русия дар оғоз омодагияшро ба гуфтушунид тасдиқ кард, аммо дертар чунин ҳамоишро "бефоида" хонд.

Дар маркази матбуотии нерӯҳои Украина хабар доданд, ки шабонарӯзи гузашта мавзеи онҳо зиёда аз 80 бор ҳадафи тирборон қарор гирифт ва дар натиҷа як низомӣ кушта шуд. Дар наздикии Авдеевка ҷудоихоҳон аз мушакҳои реактивӣ ва тӯпхонаи тонкҳо истифода кардаанд.

Рӯзи 31 январ ҷудоиталабони рӯ ба Русия талош карданд, минтақаҳоеро, ки дар рӯзҳои гузашта артиши Украина ишғол карда буд, ба даст оранд. Дар бораи талафоти ҳарду тараф хабар мерасад. Ҳамчунин аҳолии осоишта низ осеб дидааст. Дар натиҷаи даргириҳо Авдеевка аз нерӯи барқ маҳрум шуда, расидани об ва гармӣ маҳдуд гаштааст.

Дабири кулли Шӯрои Аврупо Турберн Ягланд аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Донбасс хост, амалиёти ҳарбиро фавран қатъ ва оташбасро риоят кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG