Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи тоҷик" қатъи якбораи барқ дар шаби 28 октябрро шарҳ дод


Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки ҳодисаи қатъи якбораи барқ дар саросари Тоҷикистон дар шаби 28 октябри соли 2016, бинобар пайдоиши нуқсон дар яке аз таҷҳизотҳои барқӣ дар зеристгоҳи Регар-500 ва таъсири он ба кори муназзами нерӯгоҳи Норак рух дод. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 31 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, вақте ин нуқсон пайдо шуд, ба кори мӯътадили нерӯгоҳи Норак таъсир расонд ва ин садама пеш омад.

Ба гуфтаи раиси ширкати "Барқи тоҷик", ҳоло камбудиҳои кори нодурусти дар автоматикаи зиддисадамавӣ ошкоршуда, пурра бартараф карда шудаанд. Ҷаноби Исмоилзода афзуд, ки дар ҳоли ҳозир як комиссия аз ҳисоби мутахассисон ташкил шуда ва зарари воридшуда аз ин садамаро тафтиш мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Исмоилзода, натиҷаҳои ин тафтишро дар ояндаи наздик эълон хоҳад кард.

Шоми 28 октябр барои се соат нерӯи барқ дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон қатъ гардид ва нигаронии сокинонро ба бор овард. Нерӯгоҳи Норак дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин нерӯгоҳи кишвар аст, ки 75 дарсади ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG