Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Ҷомӣ 51 масҷиди "ғайриқонунӣ"-ро бастаанд


Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯянд, ки 51 масҷиди панҷвақтаро, ки ба гуфтаи онҳо "ҳуҷҷатгузории нодуруст доштанд", ба бунгоҳҳои тиббӣ ва тӯйхона табдил додаанд. Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ин ноҳия рӯзи 30 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин масҷидҳо сертификати замин надоштанд ва агар афроде, ки манзили истиқоматӣ надоранд, муроҷиат кунанд, ин биноҳо ба онҳо ҳамчун хонаи маскунӣ, дода мешавад. Аз ин қабл мақомот аз баста шудани 2 масҷид дар ноҳияи Бохтар ва 10 масҷиди дигар дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ хабар дода буданд. Тайи солҳои раванди баста шудани ба далели иштибоҳ дар ҳуҷҷатгузориҳо зиёд ба назар мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG