Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штайнмайер аз мақоми вазири умури хориҷии Олмон рафт


Франк-Валтер Штайнмайер баъди беш аз се соли фаъолият дар мақоми вазири корҳои хориҷии Олмон аз ин вазифа канор рафт, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок кунад. Йоҳим Гаук, президенти Олмон, Штайнмайерро аз мақом озод кард ва салоҳиятҳои ӯро ба вазири собиқи иқтисод Зигмар Габриэл супурд. Штайнмайер, раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, баландтарин сатҳи маъруфият дар сиёсати кишварро дорад.

Раиси ҷумҳури Олмон дар иҷлосияи Федеролӣ - ниҳоди конститутсионӣ, ки маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷамъ меояд, барои панҷ сол интихоб мешавад. Раиси ҷумҳур аз рисолати намояндагии кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва салоҳияти афви маҳбусон бархӯрдор аст.

XS
SM
MD
LG