Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РБК: Корманди ФСБ, ки ба хиёнат муттаҳам шудааст, ҳаккер буд


Рахнагари интернетӣ, ки ниқоб пӯшидааст.
Рахнагари интернетӣ, ки ниқоб пӯшидааст.

Корманди хадамоти амнияти Русия Дмитрий Докучаев, ки дар чаҳорчӯби қазияи хиёнат ба давлат боздошт шуд, ҳакер буд ва Хадамоти амнияти Русия ӯро истихдом карда буд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК-и Русия рӯзи 27 январ, бо такя ба ду манбаъ гузориш дод.

Ин манбаҳо гуфтанд, ки Докучаев бо тахаллуси Forb маълум буд ва дар қазияи дуздии пулҳо аз кортҳои бонкӣ таҳти назари Хадамоти амният афтод. Докучаев таҳти фишори таъқиби ҷиноӣ ҳамкорӣ бо хадамоти амниятро пазируфт.

Рӯзи панҷшанбе матуботи Русия хабар дод, ки афсари Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ), Димтрий Докучаев дар парванди хиёнат ба давлат нафари сеюм аст. Маҷудияти ин парванда ҳамин ҳафта маълум шуд. Ба гуфтаи матбуот афсари ФСБ Сергей Михайлов ва раҳбари бахши таҳқиқоти ҳодисаҳои компютерии "Озмоишгоҳи Касперов", Руслан Стоянов аз муттаҳамони ин парванда будаанд.

Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант" тафтишот маълумотеро бозҷӯӣ мекунад, ки гӯё корманди Маркази амнияти иттилоотии Русия, аз як давлати хориҷӣ пул гирифтааст. Хадамоти амният то ҳол ба ин хабар вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG