Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз гуруснагии фарогир дар Яман ҳушдор дод


Яман. Сокинон аз паҳлӯи харобазоре убур мекунанд, ки бар сари ҳамлаҳои ҳавоӣ валангор шудаанд. Ноябри соли 2016
Яман. Сокинон аз паҳлӯи харобазоре убур мекунанд, ки бар сари ҳамлаҳои ҳавоӣ валангор шудаанд. Ноябри соли 2016

"Низои мусаллаҳона, ки аз соли 2014 дар Яман идома дорад, таҳдиди гуруснагии фарогирро ба бор овардааст", - мегӯяд Стивен О'Брейн, ҳамоҳангсози барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кумакҳои оҷил. Бино ба шабакаи телевизионии BBC, наздик ба 10 миллион аҳолии Яман, бо шумули 2 миллион кӯдак, аз камбуди маводи ғизоӣ азоб мекашанд. "Вазъият, бинобар бомбаборонҳои пайиҳам, бадтар мешавад", - гуфтааст Стивен О'Брейн.

Низои мусаллаҳона дар Яман моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуд. Ҳусиҳо, ақаллияти шиамазҳаби Яман, бо пуштибонии Эрон алайҳи ҳукумати қонунии ин кишвар, ки эътилофи таҳти назари Саудӣ аз он пуштибонӣ мекунад, мубориза мебарад.

Ҷангҳо дар байни ҳусиҳо ва эътилофи таҳти сарварии Саудӣ моҳи марти соли 2015 дар ҳоле шиддат гирифт, ки ҳавопаймоҳои муттаҳидин ба хотири таҳкими ҳукумати эътирофшудаи Яман мавқеи шӯришгаронро бомбаборон карданд.

XS
SM
MD
LG