Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор бонки Тоҷикистон вексел дарёфт карданд


Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар моҳи ҷорӣ бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” вексел ё коғазҳои қимматнокро дарёфт карда ва ба пардохти пасандозҳои муштариён шурӯъ кардаанд. Ду ҳафтае қабл, масъулони ин бонкҳо ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки то ҳол вексел ё коғаҳои қиматнок ба онҳо нарасидааст. Дар моҳи гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пуштибонии молӣ ба ин 4 бонки тиҷоратӣ ба миқдори 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ кӯмак карда буд.

Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон, 27 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, вексели давлатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба “Тоҷиксодиротбонк”, ба “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” 80 миллион сомонӣ тавзеъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бонкҳои тиҷоратӣ векселҳои давлатиро ба Бонки миллӣ бар ивази пул барои таъмини пардохтпазирии худ месупоранд. Бонки миллӣ соҳиби векселҳои давлатӣ ҳисоб ёфта ва Вазорати молия пас аз поёни муддати векселҳо, маблағи онро бо фоизҳояш ба Бонки миллӣ пардохт хоҳад кард.

Мақомоти 4 бонки тиҷоратӣ вазифадор шудаанд, ки дар муддати 5 сол саҳмияҳои худро ба фурӯш расонанд, то ба ин васила Вазорати молия тавонад аз ҳисоби онҳо маблағҳои қарзиро ба Бонки миллӣ пардохт кунад. Дар сурати кутоҳӣ дар иҷрои ин амр, молу ашё ва амволи бонкҳои тиҷоратӣ, ки ба гарав гузошта шудаанд, мусодира хоҳанд шуд.

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани коғаҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонҷиҳати сармоякунонии бонкҳо” дороиҳои “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” замима шудааст. Тибқи ин санад, амвол ва молу ашёи “Тоҷиксодиротбонк” аз ҳама бештар, ба маблағи ҳудуди 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ, дороиҳои “Агроинвестбонк” то 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” то 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” то 80 миллион сомонӣ арзёбӣ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG