Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ: Дар "Роғун" истифодаи нодурусти маблағҳо ошкор шуд


Дар соли 2016 Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 1190 тафтиш анҷом дода, ба маблағи 185,6 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Сулаймон Султонзода, раиси ин ниҳод рӯзи ҷумъаи 27 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта ҳолатҳои даст доштани мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар 171 мавриди фасодкорӣ ошкор шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар миёни кормандони Вазорати корҳом дохилии кишвар 57 мавриди фасодкорӣ ошкор шудааст. Абдукарим Зарифзода, муовини мудири Оҷонсӣ хабар дод, ки соли 2016 дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳолатҳои истифодаи ғайримуассири маблағҳои ихтисосшуда ошкор шудаанд, аммо ба далели махфӣ будани ин иттилоъ аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG