Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони Дума барои роҳхарҷӣ 700 ҳазор рубл хостаанд


Думаи давлатии Русия шакли нави таъмини вакилонро бо нақлиёт эҷод кардааст. Дар ин бора ноиб-раиси Дума Игор Лебедев хабар медиҳад. Барои амалӣ кардани ин идея иловатан 215 миллион рубл дар сол ё 700 ҳазор рубл барои ҳар кадом вакил даркор аст.

Ҳоло барои сафари вакилон ба минтақаҳо аз ҳокимияти маҳаллӣ мошин дархост карда мешавад, ҳокими маҳаллӣ баъдан роҳхарҷии вакилро аз Дума меситонад. Ин шакли роҳхарҷӣ вакилонро қонеъ намекунад, зеро ба вакилон танҳо барои як ҳафта мошин дода мешавад.

Пешниҳоди нав таъмини комили вакилро бо мошин дар назар дорад. "Пешниҳод мешавад, ки ба ҳамаи вакилон баробар маблағ дода шавад. Ва вакилон худашон тасмим мегиранд, ки он маблағро дар сафарҳо чи гуна харҷ кунанд: бо мошини кироя бигарданд, мошин бихаранд, дар ҷайбашон гузошта, пиёда сафар кунанд - ихтиёри худашон. Вале дигар аз ҳокимони маҳаллӣ гила намекунанд, ки ба онҳо мошин надод", - мегӯяд Лебедев.

Феълан Думаи давлатии Русия барои роҳхарҷӣ 100-110 миллион рубл сарф мекунад. Дар сурати амалӣ шудани нақшаи нав, роҳхарҷии Думаи давлатӣ то 315 миллион рубл афзоиш меёбад. Ҳоло вакилон дар асоси баробарӣ роҳхарҷӣ сарф намекунанд. Барои мисол, яке аз вакилони ҳизби "Русияи воҳид" 19 миллион рублро барои роҳхарҷӣ гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG