Пайвандҳои дастрасӣ

Мизиёев хотираи Ислом Каримовро"ҷовидонӣ" мекунад


Узбакистон. Мардум ба оромгоҳи Ислом Каримов гул меоранд

Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармонеро содир кард, ки дар асоси он хотираи президенти пешин, Ислом Каримов "ҷовидонӣ" мешавад.

Бар поияи фармони президент аз таърихи 25 январ, фурӯдгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаву кӯчаҳо номи Ислом каримовро мегиранд.

Муассисаҳои давлатӣ, бо шумули Донишгоҳи Технологии Тошканд фурӯдгоҳи байналмилаии Тошканд ва кохи ҳунар дар шаҳри Фарғона низ ба номи Ислом Каримов хоҳанд буд.

Корхонаи қисман хусусии мошинсозӣ дар шаҳри шарқии Асака, ки онро ширкати муштараки саҳҳомӣ, бо шумули General Motors- и амрикоӣ идора мекунанд, низ ба ифтихори президенти пешин номи Ислом Каримовро мегирад.

Мирзиёев ҳамунин амр кард, ки дар оромгоҳи Ислом Каримов маҷмааи ёдгорӣ бунёди бунёд шавад.

Қарор аст пайкараҳои Каримов дар Тошканд, Самарқанд ва минтақаи ҷанубии Қашқадарё барафрохта шаванд.

Рӯзи таваллуди президенти пешин, 30 сентябр , рӯзи бузургдошти миллӣ ва 2 сентябр, рӯзи эълони расмии марги ӯ, ба унвони рӯзи Бузургдошти Нахустин Президенти Узбакистон пазируфта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG