Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азимҷон Аскаров гуруснанишинӣ эълон кард


Мудофеи ҳуқуқи башари Қирғизистон Азимҷон Аскаров, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, ба нишонаи эътироз ба таҷдиди назар нашудани ҳукми ҳабси абад, гуруснанишинии бемуддат эълон кардааст. Дар ин хусус аз Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Бишкек, ки Азимҷон Аскаров нигаҳдорӣ мешавад, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додаанд.

Сухангӯи Муассисаи давлатии адои ҷазои Қирғизистон Эленора Сабатарова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Аскаров аз муоинаи тиббӣ гузашта, аммо гуфтааст, ки ҳеҷ гуна маводи доруро истеъмол нахоҳад кард. 24 январи соли ҷорӣ коллегияи додгоҳии додгоҳи вилояти Чуй ҳукми ҳабси абади додгоҳи ноҳияи Бозор Қӯрғонро нисбати Аскаров бидуни тағйир гузошт. Ин дар ҳолест, моҳи апрели соли гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз давлати Қирғизистон хоста буд, то дар қазияи Азимҷон Аскаров таҷдиди назар кунад.

Азимҷон Аскаров, мудофеъи ҳуқуқи башар ва сокини узбактабори ноҳияи Бозор Қӯрғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон пас аз даргириҳои байни қирғизу узбакҳо дар моҳи июни соли 2010 дар ҷануби ин кишвар ба гумони созмондиҳии беназмиҳо ва ширкат дар қатли корманди пулис боздошт шуд. Баъдан додгоҳ ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG