Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ИА таҳримҳои зидди "Алмаз-Антей"-ро қонунӣ хонд


Мушакҳои зиддиҳавоии S-300- Русия
Мушакҳои зиддиҳавоии S-300- Русия

Додгоҳи Иттиҳоди Аврпуо таҳримҳои зидди ширкати "Алмаз-Антей"-ро бетаъғир гузошт ва гуфт, ки истесолкунандаи таҷҳизоти ҳимояи зидди ҳавоиии Русия, дар интиқоли силоҳ ба ҷудоихоҳони шарқи Украина даст дорад.

Изҳороти додгоҳ рӯзи 25 январ пахш шуд ва дар он омадааст, Шӯрои Иттиҳоди Аврпуо исботи кофии интиқоли силоҳҳои истеҳсоли Русияро, ки ин ширкат тавлид карда, ба минтақаи низоъ фиристодааст, пешниҳод кард. Ба ин тартиб, "Алмаз-Антей" ба таври ғайри мустақим аз нақзи тамомияти арзии кишвари ҳамсоя пуштибонӣ мекунад, омадааст дар ин изҳорот.

Дар додгоҳ ҳамчунин таъкид шуд, ки суқути ҳавопаймои Малайзия дар фазои Донбасс ба қаророри имрӯзаи додгоҳ таъсир надорад. Қаблан гурӯҳи байналмилалии таҳқиқотӣ исбот кард, ки ҳавопаймои "Боинг" бо истифода аз маҷмааи "Бук", истеҳсоли ширкати "Алмаз-Антей" зада шуд.

Ширкати "Алмаз-Антей" соли 2014 ба рӯйхати таҳримҳои густардаи Иттиҳоди Аврпуо ворид шуд. Ҳамаи дороиҳои ширкат дар Аврпуо масдуд шуданд.

XS
SM
MD
LG