Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми Афғонистон: Эрону Покистон ба Толибон кумак мекунанд


Ҳаётуллоҳ Ҳаёт, волии Ҳилманд

Ҳаётуллоҳ Ҳаёт, волии Ҳилманд, як минтақаи бисёр бесуботи Афғонистон гуфт, Эрону Покистон ахиран бо шӯришгарони Толибон, ки бо нерӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ ҳастанд, мулоқот карданд. Волии Ҳилманд рӯзи 22 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дахолати эрониҳо ба умури Афғонистон шиддат гирифтааст" ва иддао кард, ки мулоқоти эрониҳо бо ҷангҷӯёни Толибон дар минтақаи Гармсири Ҳилманд баргузор шуда, покистониҳо низ ба он ворид буданд.

Ба гуфтаи ин мақомдори афғон, хадамоти истихборот воқеияти ин мулоқотро тасдиқ кард ва ҳоло дахолати хориҷиро ба умури Ҳилманд амиқтар таҳқиқ мекунад. Ҳаётулло Ҳаёт гуфт, баъд аз ҳамлаи Толибон ба Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, онҳо мушакҳоеро бо тамғаи Эрон пайдо карданд.

Ӯ афзӯд, Покистон низ дар Ҳилманд "шӯришгаронр басиҷ мекунад." Афғонистон солҳо боз Покистонро ба пуштибонӣ аз Толибон муттаҳам мекунад, иттиҳоме, ки Исломобод ҳамеша онро рад кардааст.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG