Пайвандҳои дастрасӣ

Бобак Занҷонӣ расман аз ҳукми эъдомаш огоҳ карда шуд


Нусхаи ҳукми эъдоми Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки қаблан дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, расман ба ӯ супурда шуд. Дар ин бора рӯзи 22 январ Мӯҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон, дар нишасти матбуотиаш хабар дод. Ин ҳукм аз тарафи Додгоҳи олии Эрон таъйид шудааст. Аммо Эжаӣ гуфт, ҳукми эъдоми ду муттаҳами дигар дар парвандаи Занҷонӣ бекор карда шудааст. Бобак Занҷонӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва авҷи таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ, бо ҳадафи “дур задани таҳримҳо” фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, муттаҳам аст, ки дуним миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст. Вай ба дунболи эътирози ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ дар соли 2013 боздошт ва баҳори соли гузашта барои фасоди саросарӣ ба ҳукми эъдом маҳкум шуд. Як силсила ширкатҳо, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо, аз ҷумла “Asian Express Terminal” (“Автовокзал”-и собиқи Душанбе) ӯ ҳамроҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур пайдо кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG