Пайвандҳои дастрасӣ

Яҳё Ҷомеъ аз қудрат канор рафт ва Гамбияро тарк кард


Яҳё Ҷомеъ бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон.

Яҳё Ҷомеъ – раиси ҷумҳури собиқи Гамбия – кишварашро тарк карда, ба иттилои хабаргузории Ройтерс, ба Гвинея рафтааст. Вай бо вуҷуди онки дар охири соли гузашта интихоботи президентиро ба Адам Барроу бохта буд, аммо аз эътирофи шикаст ва интиқоли қудрат худдорӣ мекард. Адам Барроу маҷбур шуд, дар қаламрави сафорати Гамбия дар Сенегал савганди президентӣ ёд кунад. Рӯзи 19 январи имсол наздик ба 7 ҳазор сарбози Сенегал, Нигерия, Гана, Того ва Мавритания ба Гамбия ворид шуданд. Амалиёти таҳти унвони "Барқарор кардани демократия"-ро Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ пуштибонӣ кард. Онҳо аз Яҳё Ҷомеъ талаб карданд, ки ихтиёран аз мақом даст кашад ва кишварро тарк кунад. Яҳё Ҷомеъ 22 сол пеш дар пайи як табаддулоти низомӣ ба қудрат расида буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG