Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико гуфт, ба нишасти сулҳи Сурия ҳайат намефиристад


Ҷорҷ Крол

Департаменти давлатии Амрико гуфт, барои иштирок дар музокироти сулҳи Сурия, ки 23 январ дар Остона – пойтахти Қазоқистон – шурӯъ хоҳад шуд, ҳайати расмӣ нахоҳад фиристод. Аммо мақомоти ин ниҳод гуфтаанд, Амрикоро дар нишаст сафири Иёлоти Муттаҳида дар Қазоқистон намояндагӣ мекунад. Ин изҳороти Вашингтон 21 январ ва як рӯз баъди савганди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури нави Амрико, пахш шуд. Ҷорҷ Крол сафири Амрико дар Қазоқистон аст. Вай дар оғози соли 2015 аз тарафи Барак Обама, раиси ҷумҳури, инак, собиқи Амрико ба ин мақом таъин шуда буд. Крол қаблан ба ҳайси сафири Амрико дар Узбакистон ва Беларус кор кардааст. Рӯзи 20 январ Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳори умед карда буд, ки президенти нави Амрико мутахассисони умури Ховари Миёнаро ба гуфтугӯҳои сулҳи Сурия ба Остона хоҳад фиристод. Ин музокирот бо миёнравии Русия, Туркия ва Эрон сурат мегирад. Русияву Эрон аз пуштибонҳои аслии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия буда, Туркия аз мухолифони ӯ ҳимоят мекунад. Шаш сол боз дар Сурия даргириҳо идома доранд ва дар ин муддат ҳазоро нафар кушта шуда ва миллионҳо нафар рӯ ба фирор овардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG