Пайвандҳои дастрасӣ

Андӯҳи ҷониби Тоҷикистон аз марги 16 талабаи Венгрия


Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши оби Маҷористон (Венгрия)

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – дар паёме ба ҳамтои маҷористониаш Янош Адер ҳалокати як гурӯҳ аз талабаҳои ин кишвар дар садамаи нақлиётиро таслият гуфтааст. Дар пайи садамаи мусофирбаре дар шимоли Итолиё, ки ҳомили талабаҳо аз Маҷористон (Венгрия) буд, 16 нафар ба ҳалокат расида ва 39 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ин мусофирбар шаби 20 январ аз Фаронса ба тарафи Маҷористон мерафт. Хонандагон аз 14 то 18 сол доштаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, аз шунидани ин хабари ҳузнангез амиқан андӯҳгин шудааст. Вай ба мардуми Венгрия ҳамдардӣ карда ва барои осебдидаҳо шифои комил хостааст. Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта аз Маҷористон дидан карда ва дар як ҳамоиши марбут ба масоили обу тағйири иқлим дар ин кишвар иштирок карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG