Мақомоти шаҳри Санкт Петербург як шарҳванди Тоҷикистонро бо гумони тундгароӣ боздошт карданд.
Сухунгӯи додгоҳи ноҳияи Киров рӯзи 19 январ гуфт, Фарҳод Нурматов, ки бовар меравад узви гурӯҳи мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир бошад, то баргузории мурофиа ду моҳ дар боздошт мемонад.
Аз соли 2014 то ҳол 9 нафар дар робита бо Ҳизб-ут-Таҳрир дар Санкт Петербург боздошт ва мурофиа шуданд. Аксари онҳо ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.
Шаш гумонбари дигари узвияти Ҳизб-ут-Таҳрир моҳи ноябр боздошт шуд.
Додгоҳи Олии Русия ин созмонро соли 2003 мумнӯъ эълон кард ва онро як ҳизби террористӣ арзёбӣ мекунад.
Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир, ин созмони сиёсии суннимазҳаб, ки дар Лондон мақар дорад, дар саросари Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст.
Ин созмон дар пайи иттиҳоди ҳамаи давлатҳои Мусалмонӣ ва бунёди Хилофати Исломӣ аст, аммо мегӯяд, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз шеваи мусолиматомез кор мегирад.