Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомаи гурҷӣ барои Доналд Трамп


Ҷомаи гурҷӣ барои Доналд Трамп

Утоқи фарҳангии Гурҷистон махсус барои президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп либоси миллии қафқозӣ - "Чоху" фармоиш дод. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тбилисӣ ин идора дар Фейсбук навишт, ки раҳбари созмони байналмилалии "Идораи рушди демократия" Бадрӣ Тсерсвадзе ва намояндаи ин созмон дар Гурҷистон Наталя Закириешвилӣ ин тӯҳфаро ба Доналд Трамп "ба нишони эҳтиром ва ҳамчун заминаи дӯстӣ" тақдим мекунанд. Либоси миллии гурҷиро баъди маросими савганд ба Трамп медиҳанд. Бадри Тсерсвадзе ва Наталя Закареишвили расман ба маросими савганди президенти мунтахаби ИМА даъват шудаанд.

Раҳбари идораи робита бо ҷемеаи Вазорати хориҷии Гурҷистон Мари Марчемашвили ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, аммо таъкид кард, ки мақомоти расмии Тбилисӣ ба ин тасмим рабт надоранд ва кишварро дар маросими савганди Трамп сафири Гурҷистон, Давид Бакрадзе намояндагӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG