Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сирил Мюллер дар Душанбе


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 январ дар шаҳри Душанбе бо Сирил Мюллер, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ барои Аврупо ва Осиёи Миёни мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сирил Мюллер ҳамкориҳои дуҷониба барои амалӣ шудани барномаҳои стратегияи рушди миллии Тоҷикистон ва кӯмак ба пешгирии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, баррасӣ шудаанд. Бонки ҷаҳонӣ дар 23 соли ахир ахир ба бахшҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла барои рушди соҳаи энержӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмакҳои техникӣ пешниҳод кардааст. Айни замон аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 350 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ чандин тарҳ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистонг дар ҳоли иҷро мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG