Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи суқути ҳавопаймо дар "Фейсбук" пулиси Қирғизистонро нигарон кард


Пас аз як шарҳи манфӣ дар "Фейсбук" роҷеъ ба суқути ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи "Манас" Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба дидбонии ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ пардохтааст. Дар ин бора муовини раиси Хадамоти матбуотии вазорат Карима Амонқулова хабар дод.

Устоди академияи тиббӣ Татигул Дооталиева дар шарҳи суқути ҳавопаймо дар "Фейсбук" навишт, ки "ин як навъ интихоби табиӣ ва поксозии миллат" аст. Ӯ ишора намуд, ки кушташудаҳо аз минтақаҳои ҷануби кишвар омадаанд.

"Аз рӯи ин шарҳ дар "Фейсбук" тафтиш шурӯъ шуд ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад", - гуфт муовини раиси Хадамоти матбуотии вазорати дохилӣ Карима Амонқулова. Ба гуфтаи ӯ, акнун кормандони пулис нашри маводи марбут ба суқути ҳавопаморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ думбол мекунанд.

XS
SM
MD
LG