Пайвандҳои дастрасӣ

Дар соли 2016 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 315 тоннаву 800 килограмм шираи камол ба маблағи 4 миллиону 330 ҳазор долари амрикоӣ бба Афғонистон содир шудааст.

Нур Шокиров, муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон сешанбеи 17 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор шираи камол аз Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи гумрукии ин вилоят ба Афғонистон содир шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Шокиров, содироти шираи камол дар соли 2016 нисат ба соли 2015 бештар аст. Зеро ҷаноби Шокиров афзуд, ки дар соли 2015 (312 тоннаву 800 килограмм).

Абдуқаюмбек Раҳмонов, сардори бахши омори Раёсати гумруки вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки шираи камол аз ҷониби ширкати “Фароз” ба хориҷи кишвар содир шуда ва танҳо ин ширкат ҳаққи содироти ин навъи гиёҳро дорад.

Масъулони Раёсати гумруки вилояти Хатлон дар нишасти хабарии хеш гуфтанд, ки ширкати “Фароз” бо иҷозаномаи ҳукумати Тоҷикистон шираи камолро аз кӯҳу пуштаҳо ҷамъоварӣ карда ва ҷиҳати тавлиди дору ба хориҷи кишвар содир мекунад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки марҳилаи аввали интиқоли шираи камол Афғонистон аст ва афроде, ки дар ноҳияҳои Хуросон, Панҷ, Фархор ва Данғара шираи камолро ҷамъоварӣ мекунанд, умдатан афғонҳо ҳастанд ва тибқи шартнома аз ҷониби ширкати “Фароз” ҷалб шудаанд.

Бо ин ки ширкати “Фароз” дар соли 2013 ҳаққи ҷаъмоварӣ ва содироти шираи камолро пайдо кардааст, вале моликон ё раҳбарони он зикр намешаванд, вале таҳлилгарон мегӯяд, ки ин як тиҷорати хубест, ки даромади зиёд дорад.

Саиқул Зуҳуриддинов, як сокини 62-солаи деҳаи Зуҳури ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки таҷрибаи ҷамъоварии шираи камолро дорад ва соли гузашта давоми чор моҳ як гурӯҳи 11-нафарии ҷамъоварандагони ин шираро, ки афғонҳо буданд, раҳбаладӣ мекард. Ба гуфтаи ӯ, чанд нафар сокини маҳаллӣ, ки шомили ин гурӯҳ буданд, моҳона 1000 сомонӣ даромад мегирифтанд:

"Аз кӯҳ шираи камол ҷаъмоварӣ мекардем. Афғонҳо шартнома доштанд ва барои ҳар як килограмм шираи камол 4 доллар мегирифтанд, ман бошам 1000 сомонӣ мегирифтам.

Ин пирамард мегӯяд, давоми мӯҳлати ҷамъоварии шираи камол дар баробари раҳнамоӣ дар маконҳои рӯидани ин гиёҳ, гаҳ-гоҳе барои онҳо хӯрок мепухт. Мутахассисон мегӯянд, барои гирифтани шираи камол, нахуст растаниро мебуранд, сипас шираи он баромада ба замин мерезад ва шах мешавад ва сипас ҷаъмоварӣ мешавад. Ин гиёҳ дар панҷ сол барои шира додан омода мешавад, яъне вақте мерӯяд бояд панҷ сол бояд мунтазир шуд, ки шира диҳад.

Камол гиёҳи нодир аст, ки дар минтақаҳои гарм парвариш меёбад ва бештар аз як метр қад мекашад. Шираи камол бо он ки буи бад дорад, аммо дар соҳаи тиб ба таври васеъ истифода мешавад. Шираи камол, ки дар илм бо исми лотинии “ферула” шинохта шудааст, аз гиёҳҳои шифобахшест, ки махсус дар соҳаи дорусозӣ, аз ҷумла пенисиллин истифода мешавад.

Соли 2010 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли он беш аз 200 тоннаро ташкил додааст, маҳалли парвариши он Вахшу Бохтар ва дигар манотиқи вилояти Хатлон аст. Дар як шарҳаш таҳлилгари маъруф Зафар Абдуллоев гуфта буд, ки ин миқдор шираи камол дар бозор то 10-15 миллион доллар арзиш дорад. Ҳақи истеҳсол ва коркарди шираи камол бо як иҷозатномаи масхуси ҳукумат ба ширкати “Фароз” дода шудааст, ки барои ин кор ба маблағи 115 ҳазор доллар аз Чину Ҳинд дастгоҳҳои замонавӣ харидорӣ кардааст. "Фароз" аз ширкатҳои наздик ба ҳукумат номбар мешавад, ки ба бизнесҳои мухталиф, сар карда аз фурӯши маводи сӯхт то ҷамъоварии "шираи камол" машғул аст.

Аммо гуфта мешавад, як кило шираи камол дар дохили Тоҷикистон ба андозаи бештар аз 100 доллар муомила мешавад. Аммо эҳтимол дорад, қимати он дар хориҷи кишвар ба маротиб бештар бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG