Пайвандҳои дастрасӣ

"Равзанаи ягона"-и сабти амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон феҳристи ягонаи сабти амволи ғайриманқул таъсис ёфтааст, ки ба гуфтаи мақомот, ҷараёни таҳияи асноди манзили сокинонро ба маротиб осонтар мекунад. Раҳмон Фақиров, раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Ба қайдгирии молу мулк”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон рӯзи 16-уми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло дар ин корхона усули кори “равзанаи ягона” ба кор даромадааст, ки соҳибмулкон амволи худро метавонанд тавассути он ба қайд бигиранд.

Ба гуфтаи вай, то таъсиси ин корхона Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ сертифакати истифодаи заминро медод ва баъдан шаҳрвандон аз корхонаи МБТИ шиносномаи хонаро мегирифтанд ва аҳдҳои вобаста ба манзил ва ё ипотека боз дар Вазорати адлия анҷом дода мешуданд. Ҷаноби Фақиров афзуд, аммо ҳоло бо ташкили равзанаи ягона, ҳамаи ин амалҳоро шаҳрвандон дар як равзана метавонанд амалӣ гардонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG