Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Трамп бо сафири Русия тамоси телефонӣ доштааст


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Майкл Флинн, номзад ба мақоми мушовири амнияти миллии Доналд Трамп – президенти мунтахаби Амрико – рӯзи эъмоли таҳримҳо алайҳи дахолати эҳтимолии Маскав ба ҷараёни интихоботи моҳи ноябр панҷ дафъа бо сафири Русия телефонӣ тамос доштааст. Бино ба иттилои хабаргузории Ройтерс, тамос баъд аз эълони таҳримҳо ва пеш аз вокуниши Кремлин сурат гирифтааст. Намояндаи Трамп ин тамосҳоро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ки таҳрим мавзӯи сӯҳбаташон набуд. Хабарҳо дар бораи тамоси намояндаи Трамп бо ҷониби Русия мақомоти амрикоиро нигарон кардааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар оғози соли нав дар вокуниш ба «ҳамлаҳои кибернетикӣ»-и Русия 35 дипломати русро аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ кард. Ниҳодҳои амниятии Амрико гуфтанд, ки ҳамлаҳои ҳакерии Русия «барои заиф кардани раванди интихобот» ва «бадном намудани Ҳилларӣ Клинтон – номзади Ҳизби демократ» бо амри Владимир Путин сурат гирифтааст. Онҳо гуфтанд, раиси ҷумҳури Русия ин корро бо ҳадафи кумак ба Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, анҷом додааст. Аммо дертар Русия ва Трамп ин иттиҳомро рад карданд.

XS
SM
MD
LG