Хабаргузории Ройтерс дар гузорише ихтисосӣ гуфт, бозрасони байналмилалӣ барои нахустин бор гуфтаанд, ки ба гумони онҳо Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва бародараш масъули истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар даргириҳои ин кишвар ҳастанд. Қаблан таҳқиқоти муштараки Созмони Милал ва Созмони манъи истифода аз силоҳи кимиёӣ танҳо воҳидҳои артишро дар ин кор муттаҳам карда буд. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, акнун феҳристе таҳия шудааст, ки шомили Башор Асад, бародари ҷавонаш Моҳир ва баъзе аз чеҳраҳои олирутбаи Сурия аст. Ҳукумати Сурия ҳамвора истифода аз чунин силоҳҳоро дар ҷараёни шаш соли ҷанги дохилӣ такзиб кардааст. Мақомоти Сурия мегӯянд, тамоми ҳамлаҳои мавриди ишораи таҳқиқот кори шӯришиҳо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст. Пештар, дар моҳи октябри соли гузашта Созмони манъи истифода аз силоҳи кимиёӣ гуфта буд, нерӯҳои давлатии Сурия барои севумин бор дар ҷанги дохилии ин кишвар аз гази заҳролудкунанда истифода кардаанд.