Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворбардор барои задани паноҳанда се сол ҳукм гирифт


Петра Ласло, навобрадори телевизиони Маҷористон
Петра Ласло, навобрадори телевизиони Маҷористон

Наворбардори телевизиони Маҷористон, ки паноҳандаро дар марз бо Сербисто ба лагад зад, бо ҷурми "вандализм" ё озордиҳӣ се сол ҳукми зиндон гирифт. Ин ҳодиса соли 2015 дар ҳоле сурат гирифт, ки мавҷи паноҳандагон рӯ ба сӯи Аврпуо оварданд.

Додгоҳи шаҳри Сегед Петра Ласлоро дар нақзи тартиботи умумӣ муҷрим эълон кард ва тавзеҳ дод, ки рафтори ӯ "хашм ва ранҷиш"-ро ба вуҷуд овард. Наворбардори шабакаи телевизиони давлатӣ Петра Ласло моҳи сентябри соли 2015 баъди пайдо шудани наворе, ки дар он ӯ як духтарак ва модари ӯро ба лагад мезад, аз кор ронда шуд. Дар ҳамин навор Лесло мардеро пешпо дод, ки фарзандаш дар китф ба пеш медавид. Ин саҳнаҳо вақте рӯи навор омаданд, ки тӯдаи паноҳандагон сафи пулисро рахна карданд.

Наворбардор Петра Ласло гуфт, ки он лаҳзо ӯро ҳарос фаро гирифт ва хаёл кард, ки ба ӯ ҳамла мекунанд.

Вакилони наворбардор мегӯянд, ки аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд ва талош хоҳанд кард, ки ҳукм бо "ҷаримаи сангин" иваз шавад.

Соли 2015 беш аз 400 ҳазор паноҳанда қаламрави Маҷористонро убур карда, ба самти Аврупои ғарбӣ роҳӣ шуданд. Баъдан, вақте, ки Маҷористон марзашро бо Сербистон масдуд кард, мавҷи паноҳандагон низ коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG