Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: низоми баъдиҷангии ҳуқуқи инсон зери хатар аст


Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) бо нашри як гузориш гуфтааст, ки афзоиши раҳбарони популист дар ИМА хатари ҷиддиеро ба ҳимояти ҳуқуқҳои асосии инсон дар пай дошта, низомҳои худкомаи ҷаҳон аз он сӯистифода хоҳанд кард.

Дар гузориши World Report 2017 зикр шудааст, ки президенти ИМА интихоб гардидани Доналд Трамп баъди маъракаҳои адовату таҳаммулнопазирӣ ва ҳамзамон афзоиши таъсири аҳзоби сиёсӣ дар Аврупои Ғарбӣ, ки ҳуқуқҳои умумибашариро рад мекунанд, низоми баъдиҷангии ҳуқуқи инсонро зери хатар гузоштааст.

Ба гуфтаи созмон, раҳбарони ба истилоҳ "қавӣ"-и Русия, Туркия, Филиппин ва Чин ба ҷои масъулияти идораи давлату волоияти қонун эътибори худро ҳамчун кафили шукуфоию амният қарор додаанд.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки президенти Русия Владимир Путин соли 2011 ба норозигии мардуми Русия бо дастуркори саркӯбгароёна, аз ҷумла маҳдудиятҳои шадиди озодии баёну ҷамъомадҳо, таҳрими бесобиқаи мухолифон ва қонунҳое, ки мустақилияти гуруҳҳоро сахт маҳдуд мекунад, посух гуфт.

Муаллифони гузориши HRW афзудаанд, ки соли 2016, баъди марги Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон дар самти коҳиши нақзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ умеди кӯчаке ба миён омад. Вале Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбекистон, ки беҳтар гардидани зиндагии мардуми одиро ваъда дод, ахиран аз сохторҳои худкомаи сохтаи Каримов ҳимоят кард.

XS
SM
MD
LG