Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози фаъолони Остона ба издивоҷи духтарони қазоқ бо чиниҳо


Рӯзи 11 январ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо талаби манъи издивоҷи духтарони қазоқу чиниҳо даст ба тазоҳурот задаанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, наздики 30 тазоҳургар пешниҳод намуданд, шаҳрвандии духтарони қазоқе, ки бо чиниҳо издивоҷ кардаанд, бекор карда шавад.

Ҳамчунин талаб шудааст, ки шаҳрвандони Чин вазифадор шаванд, то барои ҳар як духтари қазоқ 50 ҳазор доллари ИМА андоз супоранд. Таҷамӯъгарон ба бинои оҷонсие ҳамла кардаанд, ки хизматрасонии шиносоӣ бо мардҳои чиниро пешниҳод мекунад. Хабари ба Қазоқистон омадани шаҳрвандони сарватманди Чин барои издивоҷ бо духтарони маҳаллӣ дар ҷомеаи ин кишвар вокуниши шадидеро ба бор овардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG