Дар соли 2016 дар маҳалли сохтмонҳо ва корхонаҳои саноатӣ 21 ҳодисаи нохуш рух дода, дар онҳо 21 нафар ҷон бохтаанд. Дар ин бора 13 январ дар нишасти матбуотии Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Аламзода Исроил Бобо, муовини аввали раиси ин ниҳод дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештаре аз ин ҳодисаҳои нохуш ба фаъолияти корхонаҳои муштарак бо Чин барои истихроҷи маъдан рух додаанд. Аммо ба гуфтаи вай, соли гузашта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ 18 ҳодисаи нохуш рух дода, ду коргари он дар ин ҳодисаҳо фавтидаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Аламзода, сабаби асосии рух додани ин ҳодисаҳои нохуш ба риоя накардани меёрҳои бехатарии корҳо аз сӯи худи коргарон ва масъулони корхона мебошад. Ба ин далел, ба гуфтаи ҷаноби Аламзода, соли гузашта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун масъулони Хадамот давраҳои омӯзишӣ баргузор карда, 257 нафар коргарон ва масъулон дар онҳо фаро гирифта шудаанд. Ба иттилои ҷаноби Аламзода, баъд аз қабули Кодекси нави меҳнат дар Тоҷикистон дар нимаи соли гузашта, ҳамакнун барои осебдидаҳо дар маҳалли кор 12 музди меҳнат ва ба хонаводаҳои фавтидагон 60 маоши ин корманд пардохт карда мешавад.