Пайвандҳои дастрасӣ

Дороии Улюкаев дар ҳаҷми ним миллиард рубл ҳабс шуд


Алексей Улюкаев

Додгоҳ бо дархости Кумитаи тафтишотии Русия моликияти вазири пешини рушди иқтисодии ин кишвар Алексей Улюкаевро ҳабс кард. Ҳаҷми моликияте, ки ҳабс шудааст, беш аз ним миллиард рубл ва 15 амволи ғайри манқул унвон мешавад. Дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрияи "Коммресант" муовини раиси кумитаи мазкур Игор Красов хабар додааст.

Красов ҳамчунин хабар додаст, ки тафтишот аз ҷараёни порагирии вазири пешини рушди иқтисод ҳамчун далел аксу видео дорад. Ахиран додгоҳе дар Москва муҳлати ҳабси хонагии Улюкаевро то 15 апрел тамдид кард.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, зидди вазири пешин кормандони собиқаш ва кормандони ниҳодҳои дигар шоҳидӣ додаанд. Алексей Улюкаев шаби 15 ноябр боздошт шуд.

Бино бар фарзияи тафтишот, вай барои баҳои мусбат додан дар хариду фурӯши ширкати "Башнефт" ду миллион доллар пора талаб кардааст. Улюкаев ин айбро рад мекунад. Баъди боздошт, президенти Русия вазирро аз вазифа сабукдуш кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG