Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вазири собиқи Қазоқистон бо гумони ришвахорӣ


Қуандиқ Бишимбоев, собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон
Қуандиқ Бишимбоев, собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон

Қуандиқ Бишимбоев, вазири собиқи иқтисоди Қазоқистон, бо гумони ришвахорӣ боздошт шуд. Хадамоти зиддифасоди ин кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 10 январ бо тасдиқи хабар гуфт, ки Бишимбоев ба порахурӣ муттаҳам мешавад.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Бишимбоевро дар остонаи соли нав ба истеъфо фиристод. Назарбоев гуфт, ки таҳқиқи фаъолиятҳои Бишимбоев оғоз шудааст, аммо ҷузъиёт надод.

Вазири собиқ як рӯз баъд аз боздошти Руслан Эрденаев, раҳбари Бунёди муттаҳидаи бознишастагӣ ва Мӯсо Бахтов, раҳбари бахши молии ҳамин бунёд бо иттиҳоми сирқат ё азхудкунии моликият, дастгир шуд. Бунёди муттаҳидаи бознишастагӣ як созмони давлатии нафақагирҳо ҳаст, ки ба бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ хизмат мерасонад.

XS
SM
MD
LG