Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ИМА исми ғолибони ҷоизаи "Кураи тилоӣ" эълон шуд


Филми "Нури моҳтоб"-и коргардони амрикоӣ Баррӣ Ҷенкинс дар бахши "Беҳтарин драма" барандаи ҷоизаи "Кураи тилоӣ" гардид. Дар ин бора зимни маросими 74-уми супоридани ҷоизаҳои филмҳои беҳтарин дар Лос-Анҷелеси ИМА хабар доданд.

Мусиқии "Ла-Ла-Ленд" - саргузашти ошиқии бозигари ҷавон ва пианинонавоз - бештари ҷоизаҳои "Кураи тилоӣ"-и имсолро соҳиб шуд. Филми Дэмена Шазелла дар ҳафт бахш - "Беҳтарин мазҳака ва мусиқӣ", "Беҳтарин филмнома", "Беҳтарин коргардон", "Беҳтарин мусиқӣ" ва "Беҳтарин садо дар филм" пирӯз шудааст. Бозигарони нақшҳои асосии филм Эмма Стоун ва Райан Гослинг барои беҳтарин нақши занона ва беҳтарин нақши мардона "Кураи тилоӣ"-ро ба даст оварданд.

Филми "Тоҷ" дар бораи зиндагонии хонаводаи шоҳии Бритониё дар бахши беҳтарин силсилафилми драмавӣ ҷоизаи мазкурро соҳиб шудааст. Бозигари бритониёӣ Клэр Фой барои бозидани нақши Елизаветаи II дар ин филм "Кураи тилоӣ" гирифт.

Ҷоизаи "Кураи тилоӣ" соли 1944 таъсис шуда, ҳамасола тақдим мешавад. Эътилофи нашрияҳои хориҷӣ, ки тақрибан 90 хабарнигори байналхалқӣ узви ин эътилоф ҳастанд, ғолибони ҷоизаро муайян мекунанд. Ғолиби "Кураи тилоӣ" ба эҳтимоли зиёд барои дарёфти ҷоизаи амрикоии "Оскар" номзад мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG