Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поп: "Куштор бо истифода аз номи Худо ҳаргиз раво нест"


Поп Франсис
Поп Франсис

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, аз раҳбарони мазҳабӣ дар саросари дунё даъват кард, дар шарҳи ин воқеият, ки “як нафар наметавонад аз номи Худо куштор анҷом диҳад”, бештар кор кунанд.

Ӯ, ки рӯзи 7 январ дар Ватикан сӯҳбат мекард гуфт, ҷойи таассуф аст, ки мазҳаб ҳар вақт ҳамчун баҳонаи, инкор, паст задан ва хушунат истифода мешавад.

Поп Франсис аз бунёдгароӣ ҳамчун илҳомбахши терроризм интиқод ва онро “ҷунуни одамкуш” тасвир кард, ки ба хотири қудрат, бо сӯиистифода аз номи Худо маргро паҳн мекунад. Поп, инчунин, аз ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон даъват кард, бо фақру нодорӣ, ки бунёдгароиро тақвият медиҳад, мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG