Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия баҳси густариши салоҳияти президенро оғоз кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Порлумони Туркия ба баррасии ворид кардани тағъирот ба Қонуни асосӣ оғоз кард, ки салоҳияти дар асл ташрифотии раиси ҷумҳурро густариш хоҳад дод.

Агар ин тарҳ асосҳои қонуниро, ки баъди табаддулоти низомии соли 1980 қабул шудаанд иваз кунад, салоҳияти президентро афзоиш медиҳад ва сохтори президентиро ҷорӣ мекунад.

Тағъирот ҳамчунин ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон имкон медиҳад, ки боз ду давраи панҷсола раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Интиқодгарони президент мегӯянд, ки бо ин тағъирот Эрдуғон ва шариконаш мехоҳанд ҳукумати як нафарро дар Туркия таъсис диҳанд.

Аммо Эрдуғон ва Ҳизби ҳукмрони Ҳизби Адолат ва Рушд мегӯянд, ки дигаргуниҳо Туркияро дар як хат бо кишварҳое монанди Британия, Амрико ва Фаронса қарор медиҳад.

Интизор меравад, ки баҳси тарҳ дар ду хониш то 15 рӯз идома кунанд.

Дар тасвиби ин тарҳ Ҳизби Адолат ва Рушд" ба Ҳизби Ҷумбиши Миллӣ такя мекунад. Барои гузаштани тарҳ дар порлумон райъи аз панҷ се ҳисаи намояндагони мардумӣ зарур аст, то баъдан шаҳрвандон дар реферундум ба он овоз диҳанд.

XS
SM
MD
LG