Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон содироти транзитии маҳсулоти гӯштии Қирғизистонро маҳдуд кард


Қазоқистон содироти маҳсулоти гӯштии Қирғизистонро тариқи қаламраваш ба кишвари севум тавассути нақлиёт манъ кардааст. Ин маҳдудият сар аз соли равон ҷорӣ шуда, мақомоти дахлдори Қирғизистон 3 январ дар ин бора аз номи муовини вазири кишоварзии Қазоқистон нома гирифтаанд. Ҷониби Қазоқистон гуфтааст, интиқоли маҳсулоте, ки таҳти назорати бойторӣ қарор дорад, танҳо тариқи роҳи оҳан иҷозат дода мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом дар асоси қарори соли 2010-и Иттиҳоди гумрукӣ гирифта шудааст.

Калисбек Жумаканов, сардори Назорати давлатӣ оид ба амнияти бойторӣ ва фитосанитарии Қирғизистон номаи мақомоти Қазоқистонро ғайриинтизор хонда, мегӯяд, иқдоми мазкур хилофи қарордоду созишномаҳои дуҷонибаи кишварҳо дар доираи АвруОсиё аст. Вай афзуд, ки ин масъаларо ба ҷониби Қазоқистон аз тариқи роҳҳои дипломатӣ хоҳанд фаҳмонд.

Вале ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, ҳангоми интиқоли мол тариқи Қазоқистон мушкил надоранд ва аз маҳдудияти мазкур низ касе онҳоро огаҳ накардааст. "Моро касе аз чизе огаҳ накардааст. Агар ҳама дар доираи қонун бошаду андозро супорида бошӣ, ҳангоми убури марз монеае пеш нахоҳад омад. Ба ҷуз силоҳу маводи мухаддир, дигар ҳама чизро дар доираи қонун метавон аз марз гузаронд", - меафзоянд онҳо.

Бо ин ҳол, Қирғизистон на ҳама маҳсулот, бахусус ғизоиро метавонад тариқи Қазоқистон содир кунад. Баъди ворид шуданаш ба узвияти АвруОсиё танҳо 15 ширкати Қирғизистон иҷозатномаи содироти молро ба Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон пайдо кардаанд. Ба гуфтаи масъулини ин ширкатҳо, маҳдудияти мазкур мушкилу хароҷоти онҳоро ҳангоми интиқоли мол дучанд хоҳад кард.

Аз ворид шудани Қирғизистон ба АвруОсиё инҷониб миёни Бишкек ва Остона бори чандум аст, ки мушкил ба миён меояд. Барои мисол, то ҳол ҷониби Қазоқистон назорати бойториро дар марз бо Қирғизистон бекор накардааст.

XS
SM
MD
LG