Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо аз сардии ҳаво беш аз 20 нафар ҷон доданд


Сокинони Аврупо ва Амрико сардии ғайримуқаррариро шоҳид мешаванд. Дар Лаҳистон (Полша) ба далели ба таври "рекордӣ" поин рафтани ҳарорати ҳаво 12 нафар ҷон додаанд. Дар Италия 7 нафар қурбони сардиҳо шудаанд, ки аксари онҳо бехона буданд. Дар Булғористон низ ҳангоми убури марз се муҳоҷир бар асари сардӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар Маскав дар шаби 7 ба 8 январ ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷаи зери сифр баробар буд. Дар соҳилҳои шарқии Амрико ба далели бориши барфи зиёд ҳаракат дар роҳҳо маҳдуд шуда, даҳҳо мошин дармондаанд. Барфи зиёд ва сардиҳо, инчунин, дар Туркия ва кишварҳои Балкан мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG