Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Эстебан Сантяго ҳукми эъдом таҳдид мекунад


Фурудгоҳи Форт-Лодердейли аёлати Флорида дар рӯзи тирпаронӣ

Додситонии федеролии Амрико алайҳи Эстебан Санятго, собиқадори ҷанги Ироқ, айбномаи расмӣ эълон кард. Ӯ барои тирпаронии рӯзи 6 январи имсол дар фурудгоҳи Форт-Лодердейли аёлати Флорида муттаҳам мешавад, ки 5 кушта ва 8 захмӣ бар ҷо гузошт. Ба Сантяго ҳукми эъдом таҳдид мекунад. Мақомоти тафтишот дар ҳоли ҳозир ангезаи ин тирпарониро дақиқ мекунанд. Наздиконаш гуфтаанд, ки Эстебан Сантяго баъди бозгашт аз ҷанги Ироқ мушкили равонӣ дошт. Вале санҷиши ниҳодҳои амниятӣ дар охири соли гузашта дар вуҷуди ӯ бемории ҷиддиеро ошкор накардааст. Эстебан Сантягои 26-сола дар шӯъбаи бағоч ё ҷомадонҳои фурудгоҳи Форт-Лодердейл панҷ нафарро бо зарби тир кушта ва ҳашт нафарро захмӣ кард. Мақомот мегӯянд, ҳамлагар силоҳро дар ҷомаданаш овардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG