Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Артиши Ироқ ба маркази Мавсил наздик шудааст"


Тозатарин гузоришҳо аз набард алайи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқ баёнгари он аст, ки нерӯҳои артиши ин кишвар ба рӯдхонаи Даҷла дар маркази Мавсил наздик шудаанд. Хабаргузории Ройтерс рӯзи 8 январ гуфт, ҷангҷӯёни ДИИШ беш аз ниме аз минтақаҳои таҳти назорати худро аз даст додаанд. Амалиёти озод кардани шаҳри Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" расман 17 октябри соли гузашта оғоз шуд. Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.​

XS
SM
MD
LG