Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури пешини Португалия даргузашт


Марио Соареш
Марио Соареш

Марио Соареш – раиси ҷумҳури пешини Португалия – ки аз ӯ "парчамдори мубориза бо диктатура" низ ном мебаранд, рӯзи шанбе дар 92-солагӣ даргузашт. Нақши ӯ дар гузори Португалия ба демократия баъди инқилоби соли 1974 ва поёни ҳукумати низомиён муҳим арзёбӣ мешавад. Марио Соареш ду давра, аз 1976 то 1978 ва аз 1983 то 1985, нахуствазири Португалия буд. Ӯ дар соли 1986 ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расид ва даҳ сол раҳбарии кишварро бар ӯҳда дошт. Баъд аз канорагирӣ аз мақоми президент, Соареш дар солҳои 1999-2004 ба ҳайси вакили порлумони Аврупо кор кардааст.

XS
SM
MD
LG