Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари тирпаронӣ дар Флорида "ветерани" ҷанги Ироқ будааст


Пулиси аёлати Флорида нафари гумонбар дар тирпаронии фурудгоҳи байналмилалии Форт-Лодердейлро мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Аз ин нафар Эстебан Сантягои 26-сола ном бурда мешавад. Ба иттилои пулис, Сантяго аз Аляска ва собиқадори ҷанги Ироқ будааст. Бародари гумонбар гуфтааст, ки вазъи равонии ӯ хуб нест ва вақтҳои охир таҳти муроқибати пизишкон буд. Мақомот мегӯянд, Эстебан Сантяго рӯзи 9 январ дар додгоҳ ҳозир хоҳад шуд. Дар пайи тирпаронии 6 январ дар фурудгоҳи байналмилалии Форт-Лодердейли аёлати Флорида панҷ нафар кушта ва ҳадди ақалл ҳашт нафар бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Намояндагони фурудгоҳ гуфтанд, ҳодиса дар бахши дарёфти бағоч ё ҷомандонҳо дар терминали ду сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG